Эй хати мушкин, ватан бар тарфи рухсораш макун,
Эй хати мушкин, ватан бар тарфи рухсораш макун,
Равнақи ҳуснаш мабар, беқадру миқдораш макун.
Гарчи ту султони ҳуснӣ, дорад ӯ ҳам кишваре,
Бар азизи кишваре шукре бикун, хораш макун.
Бас бувад бемории чашмат зи ташвиши хумор,
Ёри ин нозофарин, аз ғамз бемораш макун.
Ҳусни худро ҷилва бо ҳар булҳавас, ҷоно, мадеҳ,
Нашканад то қадри коло, рӯи бозораш макун.
Гуфтамаш: – Нозуктар аст аз барги гул рухсори ту,
Гуфт: – Агар донӣ, чунин аз бӯса озораш макун.
Сабр кун бо талхии дашноми он ширинписар,
Ё умеди ком аз лаъли шакарбораш макун.
Гуфтамаш: – Шоҳин умеди бӯса дорад аз лабат,
Гуфт: – Уммеде, ки мумкин нест, изҳораш макун.