Баҳри хотири шабнам вазъи ғунча пайдо кун,
Баҳри хотири шабнам вазъи ғунча пайдо кун,
Гиряам бубин, яъне, тугмаи қабо во кун.
Фасли навбаҳор омад, азми сайри саҳро гир,
Ҳамчу лола якчанде фикри дафъи савдо кун.
Зарра восили хуршед мешавад, ту ҳам яъне,
Хешро ба найранге дар канори ӯ ҷо кун.
Оламе ба ёди ӯ маҳви ҳайрат аст ин ҷо,
Даҳр наргисистон аст, чашми ибрате во кун.
Аз Худо наметарсӣ, ҳоли ман намепурсӣ,
Охир ин чӣ бедод аст, андаке мувосо кун.
Ваҳ, туро кӣ гуфт охир, эй ситамгари кофир,
Дилрабову мункир шав, ҷон ситону ҳошо кун?
Арзи мову ман, Шоҳин, он қадар камоле нест,
В-арна бар сухандонон хӯрда гиру расво кун.