Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
То он бути танноз ба ман дар сухан омад,
То он бути танноз ба ман дар сухан омад, Сад бор равон аз тану ҷон аз бадан омад. Мо маҳви хаёли санами ҳурмисолем, К-Озар зи рухаш бутшикану бутфикан омад.
Рӯят зи шукуфта хуррам омад,
Рӯят зи шукуфта хуррам омад, Зулфат чу каманди пурхам омад. Овозаи чашми рӯҳбахшат Чун сурати тифли Марям омад.
То руқуми имконе хомаи азал во кард,
То руқуми имконе хомаи азал во кард, Нақшаи ғуборе рехт, оламаш мусаммо кард. Ибрате айён ҷӯшид, навбаҳор иншо шуд, Ранги орзу хун гашт, лолазор пайдо кард,
Намедонам кадомин соат он дилдор меояд,
Намедонам кадомин соат он дилдор меояд, Ки ҷони хаста ҳар дам бар лабам сад бор меояд. Ҳазар, эй муҳтасиб, аз оҳи оташбори муштоқон, Чӣ оташ бар хасу хошок бе з
Ишқам ба ту иштибоҳ бошад,
Ишқам ба ту иштибоҳ бошад, Селоби рухам гувоҳ бошад. Мурдему ба дил раҳе набурдем, Ин роҳ чи гуна роҳ бошад?
Ба ҷилва о, санамо, ки баҳор мегузарад,
Ба ҷилва о, санамо, ки баҳор мегузарад, Бунафша мераваду лолазор мегузарад. Ба ғайри нуқраи дил нест, то нисор кунам, Дар он раҳе, ки шаҳсавор мегузарад.
Ҳар ҷо, ки шарҳи хотири моро навиштаанд,
Ҳар ҷо, ки шарҳи хотири моро навиштаанд, Дуди диле ба дафтари савдо навиштаанд. Ҳоҷат ба нола нест дигар, булбулон ба боғ Афғони мо ба рутбаи аъло навиштаанд.
Маҳтоби рухат пардакушо шуд, чи баҷо шуд,
Маҳтоби рухат пардакушо шуд, чи баҷо шуд, Чун кавкаби толеъ бари мо шуд, чи баҷо шуд. Дар пардаи кӯрӣ нигаҳи мардумакам буд, Ҳангоми тамошои ту во шуд, чи баҷо
Боз ёди он парирӯ хотирам ранҷур кард,
Боз ёди он парирӯ хотирам ранҷур кард, Бар сари дил буд захме, таҳ ба таҳ носур кард. Ҳар қадар кардам талоши васл, аммо рӯзгор Луъбате ангехт аз роҳаш, ғуборам
Он қадар дил ба шаби ҳаҷри ту табҳо мекард,
Он қадар дил ба шаби ҳаҷри ту табҳо мекард, Ки нафас шуъла ба гардуни Масеҳо мекард. Мешудам маҳрами хилваткадаи маҳфили роз, Агарам дил ба ғами ишқ шикебо мека
Субҳро вақти ҷавонӣ гашт мӯйи сар сафед,
Субҳро вақти ҷавонӣ гашт мӯйи сар сафед, Ваҳшати ин бум кард ин чуғдро пайкар сафед. Як қалам гар аз баёни ҳоли дил имло кунам, Нуқтаи холӣ намонад аз ҳама дафт
Агар он шӯхи бепарво қадаҳ бо рӯйи даст ояд,
Агар он шӯхи бепарво қадаҳ бо рӯйи даст ояд, Ба ҷоми тавбаву тақво зи мастиҳо шикаст ояд. Баҳорон баҳри истиқбол ҳангоми тамошояш Гирифта набзи сад гулзор, чун
Кист аз дидани ту дида мунаввар нашавад
Кист аз дидани ту дида мунаввар нашавад В-он гаҳ аз тоби рухат сина пурозар нашавад? Тоқатам тоқу ба ғам шуҳраи офоқ шудам, Ин ҳама дард чаро пеши ту бовар наша
Он парипайкар чаро аз суҳбати мо мерамад?
Он парипайкар чаро аз суҳбати мо мерамад? Ин қадар з-афсуну ваҳшат бе сару по мерамад? Аз ҳаёи орази гулгуни он мастонагард Дар дили мино чу соғар мавҷи саҳбо м
Чун аст, он ситамвар бар ҳоли мо набинад,
Чун аст, он ситамвар бар ҳоли мо набинад, Ё аз тағофул аст ин, ё аз ҳаё набинад? Дар манзари рақибон мастона мехиромад, Дар интизори моён ҷуз пеши по набинад.
Он маҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард.
Он маҳ, ки ҷафо кард, куҷо кард? Ба мо кард. Мақтули вафо кард, киро кард? Маро кард. Аз саъйи рақибон дили арбоби вафоро Ҳамвора сиё кард, ҷудо кард, чаро кард
Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад,
Дар он даме, ки рухат бе ҳиҷоб ханда занад, Зи шавқи хандаи ту офтоб ханда занад. Пиёла соқӣ ба каф гирад аз хаёли лабат, Суроҳӣ қаҳқаҳа созад, шароб ханда зана
Бедилӣ чун накунам, рӯҳ малоле дорад,
Бедилӣ чун накунам, рӯҳ малоле дорад, Мояи сабр каму шавқи камоле дорад. Дил дар он турраи шабранг аз он гашт асир, Ки дар он дом сияҳдонаи холе дорад.
Агар он турк майли мо надорад,
Агар он турк майли мо надорад, Хатоӣ бар хато парво надорад. Чу Маҷнун то саҳар дар кӯи ӯям, Назар бар ҳолам он Лайло надорад.
То чашми тарам бар рухи зебо-ш назар кард,
То чашми тарам бар рухи зебо-ш назар кард, Аз оташи дил шуъла ба фонуси қамар кард. Девона шавад, бар сари иқбол наёяд, Дар кӯйи ту ҳар кас, ки ба як бор гузар
Ба ҷаҳон чи бастаӣ дил, магар ин фано надорад?
Ба ҷаҳон чи бастаӣ дил, магар ин фано надорад? Ҳама гулшани сипеҳр аст, гуле аз вафо надорад. Ба фусуни саркашиҳо ҳаваси баланд то чанд, Ки ба ғайри бӯрёе раҳе
То бинои гунбади имкон ҳувайдо кардаанд,
То бинои гунбади имкон ҳувайдо кардаанд, Ҷинси кулфат ҷамъ оварданду дунё кардаанд. Фарқсозон ҷумла аз асли ҳақиқат ғофиланд, В-арна Амру Зайдро дар хулқ ҳамто
Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд,
Ба ҳар ҷо кулфату ғам офариданд, Насиби ҷони одам офариданд. Баҳор аз хоки мо файзе бибардор, Ки ин турбат мукаррам офариданд.
Хонасияҳ мардуми ҷоду-т кард,
Хонасияҳ мардуми ҷоду-т кард, Рӯзи маро шаб чу шаби мӯ-т кард. Шуҳрату овозаи мардафканӣ Захми хаданги хами абрӯ-т кард.
Хаёли оразат ҳар гаҳ ба миръоти замир афтад,
Хаёли оразат ҳар гаҳ ба миръоти замир афтад, Зи акси дилбарони боғи Ризвон дилпазир афтад. Маёло ҳарфи ширин бо паёми талху дашномам, Ситам бошад маю афюн, ба я

