Набурд каъбаам аз хотир ин таманноро
Набурд каъбаам аз хотир ин таманноро,
Ки қиблагоҳ кунам хаймагоҳи Салморо.
Чу нест рӯи таваҷҷӯҳ ба хаймагоҳи ваям,
Ба сӯи каъба кунам рӯи худ тасаллоро.
Хаёли қомати ӯ кори сарбаландон аст,
Ҳарими судра бувад ҷо дарахти тӯборо.
Кушон гӯшаи бурқаъ зи рӯяш, эй сӯфӣ,
Биё мушоҳида кун маънии таҷаллиро.
Ба остонаи майхона кай тавон зад даст,
Ба зери пой накарда сипеҳри аълоро.
Ба саҷъу қофия Ҷомӣ ҳамеша моил буд,
Зи баҳри бастани зевар арӯси маъноро.
Ҳуҷуми ишқи ту ногаҳ расиду як сар бурд,
Зи хотираш ҳаваси шеъру завқи иншоро.