Ҷуз ҳавои васли ту дар сар ҳавас набвад маро
Ҷуз ҳавои васли ту дар сар ҳавас набвад маро,
Гар куни парвои ман, парвои кас набвад маро.
Баста ҷон эҳроми кӯи тусту қолаб маҳмилаш,
Ҷуз дили нолон дар ин маҳмил ҷарас набвад маро.
Маст мегардам ба даври лаъли ту дар шаҳру кӯй,
Ҳеҷ тарс аз шаҳнаву бим аз асас набвад маро.
Даст мехоҳам ба поят сояму молам ба рӯй,
Беш аз ин чизе зи лутфат мултамас набвад маро.
Як нафас мехоҳам аз лаъли лабат дар кори хеш
Лек ҳаргиз бо ту ҳадди ин нафас набвад маро.
Баъди дерам гар диҳӣ дашном, ҳоли бас макун,
З-он ки сад чандин ба ҳар дам аз ту бас набвад маро.
Гуфтаӣ ҳар дам расид аз Ҷомиям шеъре ба даст,
Чун кунам з-ин хидмате беҳ дастрас набвад маро.