Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Пора-пора дили ҳазини маро

Пора-пора дили ҳазини маро, Бин шарор оҳи оташини маро. Пок мекардам ашки хеш зи рух Ѓарқи хун сохт остини маро. Чашми ту гар дилам рабурд чӣ бок, Чун саломат гузошт дини маро. Баски судам ба роҳи ноқаи ту Бин чу зонуи ӯ ҷабини маро. Рух зи дуррам намудӣ андар роҳ, Зад раҳи ақли дурбини маро. Хатти ту саф кашида мӯронанд, Ки камар бастаанд кини маро. Бе ту мемурд Ҷомиву мегуфт, Ки бақо бод нозанини маро.