Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ораз зи хат ороста шуд нӯшлабонро

Ораз зи хат ороста шуд нӯшлабонро, Барҳам зад аз он оразу хат рӯзу шабонро. Он нахли тарабро чу газидам лаби ширин, Гуфто, ки макун хаста зи дандон рутабамро. Дил дошт навои тараби фурқати он моҳ, Бо нола бадал кард навои тарабамро. Дорам ба ту рӯй аз ҳама з-он дам, ки ниҳоданд Дар қабзаи ишқи ту зимоми талабамро. Табларзаам аз оҳи худ, аз лутф карам кун Торе, ки аз он ришта бубанданд табамро. Маҳҷубам аз он орази хуб аз сабаби зулф, Ё раб, бикаш аз пеш ҳиҷоби сабабамро! Гуфт аз лаби майгуни ту Ҷомӣ сухане чанд, Бифрӯхт ба май дафтари фазлу адабамро.