Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ку қосиде, ки шарҳи ғами иштиёқро

Ку қосиде, ки шарҳи ғами иштиёқро Созам пур аз ғазал чу Хуросон Ироқро. Ҳар шаб ба сурати шафақ аз акси хуни дил Рангин кунам китобаи ин сабзтоқро. Бо бахти ман замона кунад иттифоқу нест Ҷуз ҳаҷри дӯст хосият ин иттифоқро. Ҷуз барқи субҳи васл зи сарманзили умед, Зоил нахост зулмати шоми фироқро. Ҷонам ба лаб расид чу бахтам ба ком рехт, Ин заҳрнок шарбати маррулмазоқро. Умрам чу бар талофии ҳиҷрон амон надод, Бастам камар талоқии явмулталоқро. Ҷомӣ, намунаест зи айвони қасри шоҳ, Эзид, кис ар ба арш кашид ин равоқро.