Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме. Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ Хинги моро то миён ояд ҳаме. Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ, Мир наздат шодмон ояд ҳаме. Мир моҳ асту Бухоро осмон, Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме. Мир сарв асту Бухоро бӯстон, Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме. Офарину мадҳ суд ояд ҳаме, Гар ба ганҷ андар зиён ояд ҳаме.