Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар қоғаз

Рақам мезад қалам васфи лаби лаъли ту бар қоғаз, Қалам шуд найшакар в-аз найшакар ғарқи шакар коғаз. Тунукдилро чӣ тоқат пеши таъни ҳосидон, оре Наёрад тоби захми тир чун бошад сипар коғаз. Бувад, к-аз зери по бардориву хонӣ ғами худро, Ба хуни дил нависам в-афканм дар раҳгузар қоғаз. Нашояд бар ту боди гарму сард, эй шамъ, мехоҳам, Ки чун фонус созам хонаатро бому дар коғаз. Ба қоғазҳои рангин чун бувад моил дили тифлон Кунам дар номаи ту лаъл аз хуни ҷигар қоғаз. Паёми раққати худ дод дин аз кӯи ту ҷоно Чу он ёре, ки бифристад ба ёре аз сафар қоғаз. Дили Ҷомӣ зи баҳри шеър бошад махзани гавҳар, Аз он махзан ба доман мебарад инак гуҳар қоғаз.