Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Бани одам аъзои якдигаранд

"Бани одам аъзои якдигаранд", Ки акнун паи қатли якдигаранд. "Чу узве ба дард оварад рӯзгор", Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор? Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он, Куҷоӣ, ту Саъдӣ? Иваз шуд замон. Бани одами имрӯза дев асту шарр, Яке гургу он барра бошад дигар. Ҳама беғам аз меҳнати дигарон, Ба пеш коса хуну қошуқ дар он. Ҷидол асту ҷангу бародаркушӣ, Дигар монда Саъдӣ куҷо сархушӣ? "Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ, Нашояд ки номат ниҳанд одамӣ". Ту гул гуфтаӣ Саъдии хушсухан, Чӣ гӯям, ки ногуфта сӯзад даҳан. Ту дар аҳди хеш чунин гуфтаӣ, Худоят бибахшад кунун хуфтаӣ. Ту нестӣ, ки бибинӣ дар қарни мо, Бани одам ин ҷо чӣ кардаст чиҳо...