Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар

Ғарибӣ кӯйи сахт аст, эй бародар, Ғарибонро накӯ дору маёзор! Саҳар хестам, дари хона кушодам, Бидидам як ҷавоне хуфта бемор. Сарашро бар сари зону ниҳодам, Лабонашро бибӯсидам падарвор. Бигуфтам: эй ҷавон, асл аз куҷоӣ? Бигуфто: асли ман аз шаҳри Булғор. Агар афтад гузорат сӯйи Булғор, Магӯ аз мурданам зинҳор, зинҳор!… Бигуфтам: эй ҷавон, орзӯ чӣ дорӣ? Бигуфто: як – ду себе баҳри ман ор. Сабук ҷастам, давидам сӯйи бозор, Гирифтам чанд себ аз баҳри он ёр. Ба дил гуфтам: ҷавонро зинда ёбам? Нидо омад: ҷавон мурдаст, пиндор!… Ҷавон мурдаст, рӯҳ аз вай паридаст, Танаш пурҳасрату рӯяш ба девор. Ба зери паҳлуяш чизе надидам, Ба тори сар ниҳода кафшу дастор. Ба пешаш косаи бишкаста дидам, Ду пораи нон, каме ғизо, андаке анор. Садоҳо мезадам дар шаҳр, эй ёр, Кафан ҷамъ кардам баҳри он ёр. Кафанро пок шустам бо муҳаббат, Ба мушку анбару атри тотор. Ғариб афтода ҳукми мурда дорад — Ки хоки мурдаро кам мебарад бод…