Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо

Ҷаҳоне пур зи мақсуд асту роҳе равшану пайдо, Дареғо, ташналаб хоҳем мурдан бар лаби дарё. Касе, к-аз талъати хуршед ҷуз гармӣ намебинад, Дило, маъзур медораш, ки дорад чашми нобино. Ба бӯи васли ҷон мехӯр ғами ҳиҷрон, ки хуш бошад Кашидан заҳмати хор аз барои роҳати хурмо. Ҷаноби ишқ бас олист, мусоҳиммате бояд, Ки натвон бар чунин Туре шудан бе ҳиммати воло. Чу бо худ ҳамсафар бошӣ дар ин раҳ, борҳо афтӣ, Ки борат обгинасту раҳат пурхору пурхоро. Гарат донистани илми ҳуруф аст орзу, суфӣ, Нахуст афъол некӯ кун, чӣ суд аз хондани асмо? Зи чашму зулфи ӯ ошиқ куҷо ёбад ҳузури дил, Ки дар ҳар гӯшае фитнасту дар ҳар ҳалқае ғавғо? Зи хуршеди ҷамоли ӯ шаби зиндадилон равшан, Ба даври қадди ӯ бигрифт кори ошиқон боло. Магӯ, к-арбоби дил рафтанду шаҳри ишқ шуд холӣ, Ҷаҳон пур Шамси Табрез аст, марде ку чу Мавлоно? Ба кунҷи эминӣ натвон нишаст аз чашму зулфи вай, Ки дар ҳар ҷонибе шӯр асту дар ҳар хонае яғмо. Ба ноаҳл ар нишон додӣ, Камол, аз хоки даргоҳаш, Кашидӣ куҳли биноӣ, вале дар дидаи аъмо.