Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо

Ҷоно, зи гарди кӯят пур бод домани мо, В-ин далқи гардхӯрда сад пора дар тани мо. Дил сокинӣ надорад бе хоки остонат, Эй хоки остонат то ҳашр маскани мо! Мо чашми хеш равшан дидан наметавонем, То ту нанишинӣ дар чашми равшани мо. Гуфтем: «Теғ баркаш!» Гуфтӣ: «Гуноҳ бошад». Бод ин гунаҳ ҳамеша аз ту ба гардани мо! Дӣ мешудам дар он кӯ, омад нидо аз он сӯ, К-эй ошиқи сару зар, магзар ба гулшани мо! Донӣ, чӣ гуфт Исо бо ошиқони дунё: «Чандин ҳиҷоб бинед аз ним сӯзани мо». Шаб бо Камол, эй тан, дар хоб шав, ки он моҳ Ояд ба дуздии дил аз бому равзани мо.