Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо
Ту худ ба гӯш наёрӣ ҳадиси зории мо,
Ки дар ту кор накардаст дарди кории мо.
Шунидаам, ки кушодӣ забон ба душномам,
Азизи ман, чӣ кушояд туро зи хории мо?
Гар, эй насим, шабе бигзарӣ ба он сари зулф,
Ба гӯши ӯ бирасон зикри беқарории мо.
Ҳазор бор ба ҷон бори меҳнатат бурдем,
Ба ҳеч барнагирифтӣ ту бурдбории мо.
Агарчи аз ду ҷаҳон кардаем қатъи умед,
Ба лутфу раҳмати ӯ ҳаст умедвории мо.
Сазад, ки зайли карам бар гуноҳи мо пӯшанд,
Ба рӯзи ҳашр чу бинанд шармсории мо.
Камол, дар саги кӯяш улувви ҳиммат бин,
Ки ор оядаш аз ҳамдамиву ёрии мо.