Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо

Бе ғамат шод мабод ин дили ғампарвари мо, Ғам хур, эй дил, ки ба ҷуз ғам набувад дархури мо. Дардмандему хабар медиҳад аз сӯзи дарун Даҳани хушку лаби ташнаву чашми тари мо. Муфлисонем, ки дар давлати савдои ғамат Ҳосили ҳар ду ҷаҳон ҳеч наярзад бари мо. Гар ту дар миҷмараи ғам дили мо сӯзонӣ, Ҳамчунон бӯи ту ёбанд зи хокистари мо. Мекунам шоҳӣ аз он рӯз, ки гуфтӣ ба рақиб: «К-ин гадоест, ки ҳаргиз наравад аз дари мо». Дили мо гум шуду ҷуз бод наёбем касе, Ки шавад ранҷаву орад хабари дил бари мо. Қимати суҳбати мо дон, ки ҳамин дам бошад, Ки барад ҳиҷри ту аз кӯи ту дарди сари мо. Узри соҳибназаронат шавад он дам равшан, Ки бубинад моҳи рӯи ту маломатгари мо. Сифати рӯи ту то дар қалам овард Камол, Гул барад нусхаи ҳусн аз варақи дафтари мо.