Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Камоли Хуҷандӣ
Камоли Хуҷандӣ

Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро

Чашмат аз гӯшаи тақво бадар овард маро, Масту ғалтон сӯйи аҳли назар овард маро. Хирқаи азрақи ман боз ба май гулгун шуд, Ишқ ҳар дам ба дигар ранг даровард маро. Дод беш аз дигарон ҷоми маям пири муғон, Он тиҳӣ ношуда, ҷоми дигар овард маро. Бода ҳарчанд ки хӯрдам ба лабаш, ташнатарам, Ташнагӣ нуклу шакар бештар овард маро. Сухан аз мутрибу май гӯй ба ман, эй воиз, Ки суханҳои дигар дарди сар овард маро. Хоҳад омад ба сарам масту субҳизада боз, Саҳаре ҳотифи ғайб ин хабар овард маро. Ашкам аз баҳри нисори қадами дӯст ба чашм Мардумӣ карду ба доман гуҳар овард маро. Ҷустам аз ҳоли дили рафта нишоне зи насим, Бӯйи ёр омаду аз ҷон хабар овард маро. Ҷони ман чошние з-он лаби ширин талабид, Ғами ҳаҷр омаду хуни ҷигар овард маро. Масту савдозада чун наргиси соқист Камол, Магар он май зи лаби чун шакар овард маро?