Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ишқбозон аз сари кӯят чи сон гарданд манъ?
Ишқбозон аз сари кӯят чи сон гарданд манъ? Нораво бошад, ки қолабҳо зи ҷон гарданд манъ. Аз адаб набвад зи хурдон бо бузургон ҳамсарӣ, Дар зуҳури меҳр з-он сайё
Хештанро чанд машҳури ҷаҳон кардан чу шамъ,
Хештанро чанд машҳури ҷаҳон кардан чу шамъ, Худнамоӣ нест ғайри шуъла парвардан чу шамъ. Аз барои камтарин фурсат ба доғи инфиол Ҷилва созӣ хешро дар пеши марду
Аблаҳонро ғайри тан парвардан аз дунё чӣ ҳаз,
Аблаҳонро ғайри тан парвардан аз дунё чӣ ҳаз, Ғайри шаҳват бо ҳар он аз пешаи тақво чӣ ҳаз. Ҳеҷ гаҳ аз гӯши конун барнаёмад нолае, Мардуми нофаҳмро аз суҳбати д
Аз орази туст бозиё хат,
Аз орази туст бозиё хат, Дар чеҳраи туст хушнамо хат. Бо рӯйи ту беибо давида, З-он беадабист рӯсиё хат.
Гар кунам аз ҳоли дил бар номае унвони арз,
Гар кунам аз ҳоли дил бар номае унвони арз, Хун чакад аз хомаам, рангин кунад домони арз. Ҷои гул дар саҳни гулшан сунбулистон бишкуфад, Гар сабо орад аз он зул
Мекунад гирди рухаш он турраи таррор рақс,
Мекунад гирди рухаш он турраи таррор рақс, Мӯй чун дар оташ афтад, мекунад ночор рақс. Ҳар куҷо аз ноз агар он моҳ созад ҷилвае, Мекунад аз завқи шодӣ сурати де
Ин зеру бам, ки бар раги қонун навиштанаш,
Ин зеру бам, ки бар раги қонун навиштанаш, Як шуъбаест, аз дили маҳзун навиштанаш. Аз ҳарфи ишқ сафҳаи хотир ба танг шуд, Бо оби дида як қалам берун навиштанаш.
Дили вобастае дорам, ки натвон кард озодаш,
Дили вобастае дорам, ки натвон кард озодаш, Магар аз дасту по гирад каманди хеш сайёдаш. Чӣ савдо дошт Маҷнун дар димоғ аз фурқати Лайло, Ки хокаш сурма гашту т
Навид, эй дил, ки фирдавси висолаш
Навид, эй дил, ки фирдавси висолаш Паёми васл меорад шамолаш. Шавад гул об, чун шабнам барояд, Бирезад то ба гулзори ҷамолаш.
Бувад то сози олам, фитнаовоз аст таъсираш,
Бувад то сози олам, фитнаовоз аст таъсираш, Садои сури маҳшар метаровад аз баму зераш. Матои симу зар сармояи дунё намебошад, Ҳамон соат ба ғафлат меравад, дунё
Шаҳиди бегуноҳам кард, нозам бар сари теғаш,
Шаҳиди бегуноҳам кард, нозам бар сари теғаш, Зи ҳиҷронам халосӣ дод, раҳмат бар сари теғаш. Бувад ҷон бурданаш оби ҳаёти Хизр бахшидан, Зи килки сунъ мазмуне ба
Парирӯе, ки дил бастам ба гесӯи гираҳгираш,
Парирӯе, ки дил бастам ба гесӯи гираҳгираш, Гудозад ҷавҳари ойина аз тимсоли тасвираш. Тавон ҷон бурдан аз он шахкамони шӯхи шангуле, Ки баста риштаи рагҳои ҷон
Шафақ бар осмон болад зи акси пайкари теғаш,
Шафақ бар осмон болад зи акси пайкари теғаш, Магар аз хун ҳино баста кафи равшангари теғаш. Маро дил метапад дар хун, намедонам шаҳиди кист, Ба ҷуз ранге, ки до
Мабодо баҳри дунё хотире афсурдааҳволаш,
Мабодо баҳри дунё хотире афсурдааҳволаш, Ки рӯзе беш набвад умри Нӯҳу Рустами Золаш, Нахустин хуни дил бошад шароби зинда гардидан, Тавон фаҳмид аз ин ҷо авсати
Он маҳ, ки саҳар ҷилва ба тарфи чаман асташ,
Он маҳ, ки саҳар ҷилва ба тарфи чаман асташ, Хуршед асири нигаҳи пурфатан асташ. Кай ман ба ҳамон турраи таррор асирам, Дар ҳар шиканаш баста диле бе расан аста
Басо умрест, рӯ бар хок мекардам зи дунболаш,
Басо умрест, рӯ бар хок мекардам зи дунболаш, Ки гӯши хешро зевар кунам з-овози халхолаш. Ба чашми нотавони худ чунин ҳар бор мегӯям: Биё бар сози болидан, ки х
Он зуҳраҷабине, ки чу шеъро бадан асташ,
Он зуҳраҷабине, ки чу шеъро бадан асташ, Печида ҳама сунбулаи ёсуман асташ. Хуршеднамо ҷабҳаи ӯ шаъшааи нур, Маҳтобравиш нимшабӣ бар шудан асташ.
Ба ёди як нафасе аз лабам хабар бинвис,
Ба ёди як нафасе аз лабам хабар бинвис, Зи оҳу нолаи ман андаке асар бинвис. Зи тарзи машраби ушшоқ агар хабар дорӣ, Ҳадиси мазҳаби ишон зи чашми тар бинвис.
Ғаматро дили ман макон аст бас,
Ғаматро дили ман макон аст бас, Ба ҷонам мусоҳиб ҳамон аст бас. Туро бо ҳама шӯхиву шахкамонӣ, Ҳадаф синаам бе камон аст бас.
Моҳи дуҳафтсолаам, хубӣ ҳама турост бас,
Моҳи дуҳафтсолаам, хубӣ ҳама турост бас, Дар ҳама ҷамъи хушқадон қадди ту хушнамост бас. Хоҳиши мост ҳар даме ҷилваи бениқобият, Майли дили хароб ҳам як назари
Саҳаргоҳан, ки ба ҳам мерасад навои хурӯс:
Саҳаргоҳан, ки ба ҳам мерасад навои хурӯс: Барои ғафлатиён мезанад кафи афсӯс. Ҳанӯз мартабаат, эй ҳумои улвӣ, ҳаст, Чу чуғд бар сари ин бум гаштаӣ маҳбус.
Умрест, ки аз доғи ту ҳастам ба таби тез,
Умрест, ки аз доғи ту ҳастам ба таби тез, К-оташ шавад аз шуълаи оҳам арақомез. Маҳтоби рухат шаб ба фалак дод мисоле, Ҳар шаб кунад ойина зи анвори ту лабрез.
Чист ҳастӣ? Ҷонканиву чист ин шахси маҷоз?
Чист ҳастӣ? Ҷонканиву чист ин шахси маҷоз? Нусхаи маҳвинтизорӣ? Умр чӣ? Ранҷи дароз. Чист гардун? Домгоҳе. Чист дунё? Донае, Одамӣ чӣ? Мурғакеву дев ӯро домбоз.
Ин қадар омад баландӣ шуҳрат андар номи ноз,
Ин қадар омад баландӣ шуҳрат андар номи ноз, Сабзаи хат медамад аз лаъли ӯ пайғоми ноз. Наргис аз тарзи нигоҳи ӯ хиҷил афтодааст, Аз кадомин шоҳ бошад, ё Раб, и
Биё, ки гулшани умр аст дашти офатхез,
Биё, ки гулшани умр аст дашти офатхез, Самуми ҳодиса дорад зи ҳар тараф маҳмез. Мабош ғарраи ин рӯзгори севу панҷ, Ки ҳаст манзили ҳирмону маҳфили парҳез.

