Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо

Пурхонандатарин шоирони муосир

Пурхонандатарин шеърҳо

Дониш андар дил чароғи равшан аст

👁 2432

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Забони модарӣ

👁 1589

Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.

Бозор Собир
Бозор Собир

Таджикистан — мой родной край

👁 1348

Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.

Собирова Нигора
Собирова Нигора

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо

👁 1315

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд

👁 1000

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Шикоят аз пирӣ

👁 982

Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд

👁 958

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Муаллим

👁 786

Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.

Боқӣ Раҳимзода
Боқӣ Раҳимзода

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест

👁 748

Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун

👁 720

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Одамият

👁 674

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ватан сар мешавад аз гоҳвора

👁 665

Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Забон гумкарда

👁 639

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.

Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Биёед эй рафиқон дарс хонем

👁 636

Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ

👁 621

Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҷони ширин (қисми 1)

👁 606

Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,

Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст

👁 589

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Шамси Табрезӣ
Шамси Табрезӣ

Бӯи ҷӯи Мӯлиён

👁 586

Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед

👁 563

Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳаққи устод аз падар беш аст

👁 546

Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.

К
Камолиддин Биноӣ

Хандаи лола

👁 545

Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ

👁 532

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Худо гар парда бардорад

👁 528

Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке

Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Шони муаллим

👁 526

Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.

Камол Насрулло
Камол Насрулло

Тоҷикистон

👁 511

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат

Бозор Собир
Бозор Собир

Ҳамаи шеърҳо

Эй ранги орзуят чун атласи баҳорӣ,

👁 9

Эй ранги орзуят чун атласи баҳорӣ, Ҳаргиз мабош хаста аз орзубарорӣ. Гарчи баҳори сархуш бе хайрухуш зи мо рафт, Эй дил, магӯй падруд бо фасли дӯстдорӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дил, эй дил, чӣ орзу дорӣ,

👁 7

Эй дил, эй дил, чӣ орзу дорӣ, Мурдиву боз ҳоюҳу дорӣ. На ба толори нозанинон аст, Гарди ҳусне, ки ҷустуҷӯ дорӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оҳ, эй дарё, ки дар пои уфуқ сар мондаӣ,

👁 7

Оҳ, эй дарё, ки дар пои уфуқ сар мондаӣ, Бо ҳазор ожанги хоно тозаву тар мондаӣ. Рӯи авроқат дурахшад соядасти офтоб, Дар кафи хоку гил имзои мунаввар мондаӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омаданам чӣ омадан, омаданест рафтанӣ,

👁 9

Омаданам чӣ омадан, омаданест рафтанӣ, Сӯи ту роҳ мебарам, қиблаи субҳу рӯшанӣ! Ишқ чӣ кард бо дилам, нур шуд обаму гилам, Дил ба хаёли тутуӣ гашт зи фикри манм

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй шабу рӯзи пуропур, чӣ паропар рафтӣ,

👁 6

Эй шабу рӯзи пуропур, чӣ паропар рафтӣ, Ногаҳ онсон, ки зи пироҳанам оҳар, рафт. Байни ин дудара беҳуда тапидӣ, эй дӯст, Аз даре омадиву аз дари дигар рафтӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оинабанд шуд дилам, аммо наомадӣ,

👁 10

Оинабанд шуд дилам, аммо наомадӣ, Афсурд нури мил-милам, аммо наомадӣ. Оинаҷавҳари манӣ, эй шаъшаанисор, Як бор бар муқобилам аммо наомадӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Барқчашмо, бар дили тундарфиғон шод омадӣ,

👁 13

Барқчашмо, бар дили тундарфиғон шод омадӣ, Оташино, бо нигоҳи даргирон, шод омадӣ. Чун фирорӣ дар қамиши мижжаам ҷустӣ паноҳ, Бар лаби дарёи дил, эй ташнаҷон, ш

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Саъдкавкаби шомӣ, субҳи тозамилодӣ,

👁 9

Саъдкавкаби шомӣ, субҳи тозамилодӣ, Дар дуруштиву нармӣ парниёну пӯлодӣ. Баччагии танҳоят домани Худо бигрифт, Аз диёри ғам охир омадӣ суи шодӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Субҳи содиқ атса зад аз кунҷи боми зиндагӣ,

👁 8

Субҳи содиқ атса зад аз кунҷи боми зиндагӣ, Баъди сад падруд мегӯям саломи зиндагӣ. Аввалашро дидаам, оре, навори хира буд, Кош, рӯшан бошаду зебо давоми зиндаг

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҷоно, сафар ба хайр, куҷоҳо равонаӣ,

👁 16

Ҷоно, сафар ба хайр, куҷоҳо равонаӣ, Охир ту кадхудои ҳамин чор хонаӣ. Хокистарона сард шуд эҳсоси поксӯз, Хокистарӣ гузор, ки рӯшанзабонаӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй дил, охир то куҷоҳо тохтӣ,

👁 16

Эй дил, охир то куҷоҳо тохтӣ, Парчами фахру ғурур афрохтӣ. Халқ табрикат кунад бо бурди нав, Як ман огоҳам, ки хеле бохтӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ман-манӣ бигзоштам, зеро Туӣ,

👁 9

Ман-манӣ бигзоштам, зеро Туӣ, То Туӣ, набвад дуӣ, якто Туӣ. Он ки то имрӯз бо ман буду монд В-он ки нагзорад маро фардо, Туӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҷон туӣ, ки умрамро авваливу поёнӣ,

👁 11

Ҷон туӣ, ки умрамро авваливу поёнӣ, Чун кунам сабукдӯшат аз мақоми ҷононӣ? Пахш кардиву рафтӣ, марҳабо, ҳалолат бод, Чун ба роҳат афтодам мисли лаъли уммонӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дар ҳошияи олам моем музофотӣ,

👁 7

Дар ҳошияи олам моем музофотӣ, Дар барф ниҳон монда мисли гули ҷурғотӣ. Ҳушёр нагардидем он қадр, ки ин афлок Андар сару рӯи мо силӣ заду шаппотӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кай шавад барге ба боғе хаста аз алҳамдхонӣ,

👁 10

Кай шавад барге ба боғе хаста аз алҳамдхонӣ, Баргу шукри бениҳоят, боғу зикри ҷовидонӣ. Барг-барги ҳар сулулам мекунад ҳар дам тиловат Ояҳои бӯстонӣ, сураҳои бо

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй азизи оянда, ман равам, ту мемонӣ,

👁 8

Эй азизи оянда, ман равам, ту мемонӣ, Пайки раҳкушоянда, ман равам, ту мемонӣ. Гар зи куҳнагӣ рӯзе занг мезанад номам, Зангро зудоянда, ман равам, ту мемонӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омадам, ки нағма сароям, нағмаҳои ман нашунидӣ,

👁 6

Омадам, ки нағма сароям, нағмаҳои ман нашунидӣ, Садқаи машоми латифат, бӯи ёсуман нашунидӣ. Омадам, ки оина бошам, то шавам муфассири чашмат, Аз ҳақиқати нигаҳи

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй рӯзҳои ҷадвалӣ, эй фаслҳои қолабӣ,

👁 8

Эй рӯзҳои ҷадвалӣ, эй фаслҳои қолабӣ, Чун кӯдаке гум гаштаам дар ҷангали бематлабӣ. Бо орзуи нав шудан такрор кардам хешро, Ҳар рӯз мактаб рафтаам бо як либоси

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ало ёре, ки ҳамсабки уқобӣ,

👁 5

Ало ёре, ки ҳамсабки уқобӣ, Баландӣ, сайдгири моҳтобӣ. Сириштатро варақгардон намудам, Савоб андар савоб, андар савобӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳаммилати хуршедӣ,

👁 6

Ҳаммилати хуршедӣ, Ҳамшаҳрии дарёӣ, Ҳамдини баҳоронӣ, Ҳаммазҳаби гулҳоӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Алҳамду сано, эй субҳ, эй субҳи аҳуроӣ,

👁 8

Алҳамду сано, эй субҳ, эй субҳи аҳуроӣ, Зарроти маро пур кун аз нури мубарроӣ. Бандам бикушо охир, роҳам бинамо охир, Эй рӯҳи ту чодарзанон дар гунбади миноӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Салом, эй субҳ, эй пайки раҳоӣ,

👁 17

Салом, эй субҳ, эй пайки раҳоӣ, Салом, эй ишқ, эй беинтиҳоӣ. Чӣ рӯзоне, ки бар сар бурда будам Пур аз талвосаи оӣ-наоӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ,

👁 10

Дилбазан шудам охир бо ҳамешапайдоӣ, Чист ин дурахшидан ғайри бетаҷаллоӣ. Бо ҳузури афзунам чашми дӯст озурдам, Боз боядам рафтан бар ҳарими танҳоӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оварам сурхкитобе ба шумо эҳдоӣ,

👁 13

Оварам сурхкитобе ба шумо эҳдоӣ, Ҷои нашраш бувад он мамлакати болоӣ. Адади нашр варо як бувад, ин якторо Ту, аё аз ҳама Якто, ту фақат мешоӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ба ҷони ташнаи ман рӯдвора меоӣ,

👁 9

Ба ҷони ташнаи ман рӯдвора меоӣ, Ба зери шонаи чап санги хора меоӣ. Ҳуҷаста омаданат, эй фари ҳумоюнӣ, Ки бар ҷабини мани беситора меоӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 99 аз 1002