Субҳи содиқ атса зад аз кунҷи боми зиндагӣ,
Субҳи содиқ атса зад аз кунҷи боми зиндагӣ,
Баъди сад падруд мегӯям саломи зиндагӣ.
Аввалашро дидаам, оре, навори хира буд,
Кош, рӯшан бошаду зебо давоми зиндагӣ.
Бо ту, эй дунёи инсонҳои фардоофарин,
Ишқ варзам баъд аз ин бар эҳтироми зиндагӣ.
Фикри озодӣ макун, эй кабки пушти панҷара,
Хуш тапиш кун, то гирифторӣ ба доми зиндагӣ.
Ин ҳама депрессиёву оҳу афғон кам накард
Рағбати васли маро бо субҳу шоми зиндагӣ.
Ҳар нишоти зиндагиро менамудам таҷриба,
Гар ба дастам буд як фурсат зимоми зиндагӣ.
Номаи ишқам мушаххас нест бар номи касе,
Номаи ишқ аст шеъри ман ба номи зиндагӣ.
Субҳ шуд, хезед, ҳой, эй нозпарвардони хоб,
Медиҳад зангӯлаи соат паёми зиндагӣ.