Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Саъдкавкаби шомӣ, субҳи тозамилодӣ,

Саъдкавкаби шомӣ, субҳи тозамилодӣ, Дар дуруштиву нармӣ парниёну пӯлодӣ. Баччагии танҳоят домани Худо бигрифт, Аз диёри ғам охир омадӣ суи шодӣ. Муҳри меҳр бинҳодӣ дар китоби сурхи мо, Шабравони гумраҳро рӯшании иршодӣ. Сайри нуҳ фалак дорад чашми файласуфи ту, Рӯҳҳои вайронро мебарӣ ба ободӣ. Эй шарофат оварда бо тулӯъи милодат, Ҳар қадар, ки одиӣ, он қадар худододӣ.
Саъдкавкаби шомӣ, субҳи тозамилодӣ, | Шоирон