Барқчашмо, бар дили тундарфиғон шод омадӣ,
Барқчашмо, бар дили тундарфиғон шод омадӣ,
Оташино, бо нигоҳи даргирон, шод омадӣ.
Чун фирорӣ дар қамиши мижжаам ҷустӣ паноҳ,
Бар лаби дарёи дил, эй ташнаҷон, шод омадӣ.
Чун ситора дидаи шабгуни ман афрӯхтӣ,
Чун малоик аз фарози осмон, хуш омадӣ.
Дар фурӯғи чашми ман дидӣ ҷаҳони беканор,
Фориғ аз банди хаёли дигарон, шод омадӣ.
Хоҷаи Хизрӣ, ки бар санги дилам кардӣ назар,