Оинабанд шуд дилам, аммо наомадӣ,
Оинабанд шуд дилам, аммо наомадӣ,
Афсурд нури мил-милам, аммо наомадӣ.
Оинаҷавҳари манӣ, эй шаъшаанисор,
Як бор бар муқобилам аммо наомадӣ.
Сад қарн себи маърифатам ночашида монд,
Бар ин биҳишти ботилам аммо наомадӣ.
Эй он, ки исиёна наҷотам намедиҳӣ,
Гуфтам, биё чу қотилам, аммо наомадӣ.
Сад сол шуд, ки дар сақаристони ҳосидон
Афтодаи ҳамоилам, аммо наомадӣ.
Гуфтӣ, ки қолабӣ шудаӣ дар мафоилун,
Садпора шуд мафоилам, аммо наомадӣ.
Поён шуд илтимоси ману эътирози ту,
Гул ҳам баромад аз гилам, аммо наомадӣ.