Эй шабу рӯзи пуропур, чӣ паропар рафтӣ,
Эй шабу рӯзи пуропур, чӣ паропар рафтӣ,
Ногаҳ онсон, ки зи пироҳанам оҳар, рафт.
Байни ин дудара беҳуда тапидӣ, эй дӯст,
Аз даре омадиву аз дари дигар рафтӣ.
Раҳ чӣ кӯтаҳ, чӣ дароз аст, ба як самт барад,
Бо ҳамон ҷода, ки Ҷам рафту Сикандар, рафтӣ.
Ҷуръае нӯш накардӣ зи майи ин лаҳазот,
Гарчи бо ҷаҳду ҷадал то таҳи соғар рафтӣ.
Аз ҷаҳони аразӣ асли ҳақиқат ҷустӣ,
Чун варо ёфт накардӣ, суи довар рафтӣ.
Тозаҷоно, ба дағалолами оинахарош
Босафо омадиву бохтаҷавҳар рафтӣ.
Ишқ, эй ишқ, ба побӯсии хоколуде
Чӣ залил омада будӣ, чӣ музаффар рафтӣ.
Саҳари нуқрагиям шавқи гуловезӣ дошт,
Охир, эй субҳ, зи бомам чу кабӯтар рафтӣ.
Дон, ки шаб омаду зулмоти адамро густард,
Агар аз ёди ман, эй ёди мунаввар, рафтӣ.