Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Омаданам чӣ омадан, омаданест рафтанӣ,

Омаданам чӣ омадан, омаданест рафтанӣ, Сӯи ту роҳ мебарам, қиблаи субҳу рӯшанӣ! Ишқ чӣ кард бо дилам, нур шуд обаму гилам, Дил ба хаёли тутуӣ гашт зи фикри манманӣ. Панҷа мазан ба хори дил, ман зи дуруштиям хиҷил, Нози ҳарир пахш шуд зери замони оҳанӣ. Ман, ки салом гуфтаам бо лаби хушки меҳрмоҳ, Бо чӣ табиате кунам ёсуманиву савсанӣ. Гуфт яке, ки ҳеч кас нест ҷавобгӯи сидқ, Туъмаи раҳзане шавӣ бо ҳама покдомонӣ. Гуфтам, агар вафо кунам, бар худу бар Худо кунам, Аз фалакам нидо кунад: Ошиқи ҷониву танӣ. Паст, ки меравад касе, бояд аз ӯ баланд буд, Некуӣ аст ё сукут посухи ман ба душманӣ. Ҳеч надонам, эй Худо, лаззати васлро, ки чист, Пеш биё, ки бардарӣ пардаи моиву манӣ.