Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Оҳ, эй дарё, ки дар пои уфуқ сар мондаӣ,

Оҳ, эй дарё, ки дар пои уфуқ сар мондаӣ, Бо ҳазор ожанги хоно тозаву тар мондаӣ. Рӯи авроқат дурахшад соядасти офтоб, Дар кафи хоку гил имзои мунаввар мондаӣ. Сахт бадном аст ҳар тардомане, аммо на ту, Қудсии мо, Марями мо, покгавҳар мондаӣ. То куҷо ҳамвор рафтӣ, эй азизи рострав, Дар гулӯгоҳе ту ҳам монанди мо дармондаӣ? Таҳнишинии гуҳар дидему ҷавлонхези хас, Мисли мардум рутбаҳоро нобаробар мондаӣ. Чанд шаб бурдам нигоҳамро ба меҳмонии ту, Рӯи дастархони бозат моҳу ахтар мондаӣ. Ҳамчу Мансури Аналҳақгӯ ба лабҳоят мудом То қиёмат шеваи Аллоҳу акбар мондаӣ.