Эй дил, эй дил, чӣ орзу дорӣ,
Эй дил, эй дил, чӣ орзу дорӣ,
Мурдиву боз ҳоюҳу дорӣ.
На ба толори нозанинон аст,
Гарди ҳусне, ки ҷустуҷӯ дорӣ.
Лаззати кофарӣ надонистӣ,
Хуш ба ҳолат, ки обрӯ дорӣ.
Аз бурун хандаи шакарсебӣ,
Аз дарун туршии лимӯ дорӣ.
Дили беишқи қавм мешӯӣ,
Ба Худо, кори мурдашӯ дорӣ.
Ба куҷо мебариву мерезӣ
Гиряҳое, ки дар гулӯ дорӣ.
Телефун мекунӣ ба қалби Худо
Ту, ки бо ғайб гуфтугӯ дорӣ.
Ноз-нозӣ, латифаи субҳӣ,
Бо шамими суман вузӯ дорӣ.
Гарчи ҷонон ба ҳеч нагрифтат,
Ин мабодат, ки сар фурӯ дорӣ.
Боз арзандаӣ ба дил будан,
Ки ба танҳоият вузӯ дорӣ.