Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ранги орзуят чун атласи баҳорӣ,

Эй ранги орзуят чун атласи баҳорӣ, Ҳаргиз мабош хаста аз орзубарорӣ. Гарчи баҳори сархуш бе хайрухуш зи мо рафт, Эй дил, магӯй падруд бо фасли дӯстдорӣ. Хамёзаи ту гӯяд, ҷоно, ки ин ҳама субҳ Бе завқи ифтитоҳӣ, бе фикри ибтикорӣ. Сар монданат чӣ бошад дар пойҳои сифлӣ, Чун гул шудан тавонӣ, худро мазан ба хорӣ. Як мурғи содаеро дар боми пасти ғафлат Бо ду камон набигрифт ин абруи шикорӣ. Бар ман зи чашми сабзе ёди баҳор монда, Ёди баҳор монда бар расми ёдгорӣ. Фарроши рӯҳҳоӣ, ин рутбаи ту олист, Хоси киӣ, киӣ, кӣ, эй дил, дили қаторӣ?