Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Муҳаббат ҷӯ, муҳаббат ҷӯ зи фарҳанги асотирӣ,

Муҳаббат ҷӯ, муҳаббат ҷӯ зи фарҳанги асотирӣ, Кӣ дорад дар бисоти худ ҳанӯз ингуна иксире. Чаро бар зиндагии ман, ало эй ғоибу ҳозир, Расидӣ бо чунин шавкат бад-ин зудиву ин дерӣ. Мани сода яқин кардам зи рафтуомади хуршед, Ки рафту боз мегардад ҷавонӣ аз пайи пирӣ. Чӣ ҷои шодиву ҳасрат, ки ин ҳарду намемонад, Агар маҷмӯаи ҳуснӣ ва ё анбӯҳи тақсирӣ. Ба боми дил чу борон чанд чӯбак мезанӣ, фармо, Ки дар оинаи ман аз азал хуршедтасвирӣ. Биё, охир, биёву фатҳ кун ин нокуҷоиро Бад-он рӯҳи самарқандиву бо он рӯи кашмирӣ. Барои он ки як дам дар ҳаёти ман дурахшидӣ, Аз ин пас ҳар нафас мемириву ҳаргиз намемирӣ.