Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зи ҳури субҳ меёбам рамузи покдомонӣ,

Зи ҳури субҳ меёбам рамузи покдомонӣ, Вале чун тирашаб дорам ҳамоно хӯи шайтонӣ. Туӣ он ҳозиру нозир, ки ҳар гоми каҷи моро Набудастиву мебинӣ, надидастиву медонӣ. Мани нозуктар аз шабнам ба коми шаб нахоҳам шуд, Фақат хуршедро шояд чунин нӯшоби ризвонӣ. Надорам равзане, то муждаи гарми туро орад, Ту хуршедиву бо кӣ сураҳои нур мехонӣ? Дар он фасли шукуфтанҳо фиреби бод мехӯрдам, Куҷоӣ, офтоби ман, дар ин рӯзони боронӣ? Агар гӯям, ки пинҳонӣ, ҳамебинам, ки пайдоӣ, Агар гӯям, ки пайдоӣ, ҳамебинам, ки пинҳонӣ. Худои ман, ба кас некӣ кунам, наздик меоӣ В-агар бар душмании кас бикӯшам, дур мемонӣ.