Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Барф зад, олиҳаи субҳ, гуҳар дар гуҳарӣ,

Барф зад, олиҳаи субҳ, гуҳар дар гуҳарӣ, Барф зад, отифаи боғ, шакар дар шакарӣ. Дили ман панҷарае буд, ки дасте накушод, Барф, эй барф, чӣ кор оядат ин шишагарӣ? Ман басе куҳна шудам, куҳнатар аз қалби ғуруб, Ту ҳамоно навӣ, эй ёр, саҳар дар саҳарӣ. Аз дилат рафтаам он сон, ки паи поям нест, Будани музҳики ман гум шуда аз беасарӣ. Ба саломам бидиҳад ними алайкеву равад Вақт - ин раҳгузари нимшиноси сафарӣ. Ба шукуфтан савганд, омаданаш рафтан буд, Давраи лолаиву наргисиву нилуфарӣ. Баъд аз ин абр шудам, абртар аз абр шудам, Ки на хуршедии ман монд дигар, на қамарӣ. Барғалат буд чунин роҳи абас пӯидан, Ман, ки ҷустам малакиро зи ниҳоди башарӣ. Номаҳои ғамам, эй вақт, ба унвони ту буд, Ихтиёри ту ба фардо, бибарӣ ё набарӣ.