Пушти қафас шукуфта як лолаи маҷозӣ,
Пушти қафас шукуфта як лолаи маҷозӣ,
Чашме биёру бингар ин лолаи ҳиҷозӣ.
Пеши ту ҳадя бурдам тақвими лолаи сурх,
Эй ки ҳамешасабзӣ, тақвимро чӣ созӣ,
Дар ин хиёнатистон, дар баргрези имон
Бо марги хештан ҳам бозӣ кунем, бозӣ.
Эй ёр, гарчи гоҳе лағзидаӣ чапу рост,
Меҳроби меҳри ман бош, эй асли ту намозӣ.
Бе сакта кай тавонам пешат нафас кашидан,
Таҳрир кун, ки дорам кӯтоҳию дарозӣ.
Дар номаи дили ман чун соядасти Аллоҳ
Эй ишқ, ҷовидон бош, эй ишқ, доимо зӣ!