Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Турна-турна бигзашта солу моҳи парвозӣ,

Турна-турна бигзашта солу моҳи парвозӣ, Пушти Қоф анқо шуд фасли тифлию бозӣ. То кай, эй дили бодӣ, бе иҷозати тақвим, Лола-лола механдӣ, ғунча-ғунча менозӣ. Лат махӯр зи дилкӯбон, хас машав ба дилрӯбон, Сурхрӯ шаву бардор рояти сарафрозӣ! Чун дар интиҳои раҳ рӯи аспи чӯбинӣ, Тундтар чӣ мепӯӣ, пештар чӣ метозӣ?! Чун ҳумои ёдашро аз дилам гузар додам, Бори дигар эҳё шуд шодии навоғозӣ. Чун дили нафиси ман коғази самарқандист, Хоҷа, лутф кун, бигзор соядасти шерозӣ. Эй баҳори бигзашта, эй ҷавонии рафта, Ҳамтаронаи мо шав, ҳамфасонаи мо зӣ!