Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳам ишқи маҷозиӣ, ҳам ишқи ҳиҷозиӣ,

Ҳам ишқи маҷозиӣ, ҳам ишқи ҳиҷозиӣ, Яъне, ки ҳақиқиӣ, бо он ки маҷозиӣ. Эй аз ҳама ҳам сода в-эй аз ҳама ҳам душвор, Гаҳ дарси алифбоӣ, гоҳе тиби Розиӣ*. Занҷир зи по кандӣ, занҷир ба дил бастӣ, Ҳам сӯфии кофарваш, ҳам ринди намозиӣ. Бо валвалаи хомӯш, бо шукри шикоятпӯш Беишқиву ҳазёнгард аз қофиясозиӣ. Берун зи ҳама ҷадвал, ку охиру ку аввал, Нуҳ чарх сари китфат дар хандаву бозиӣ. *Абӯбакри Розӣ- табиб ва донишманди қарни Х