Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй вуҷудат вуҷуди наврӯзӣ,

Эй вуҷудат вуҷуди наврӯзӣ, Сабзпайки вуруди Наврӯзӣ. Ҳафт синӣ ва ё ки чил ёсин, Иди наврӯзу уди наврӯзӣ. Ба ту, эй дуру дуру дуру дур, Мефиристам дуруди наврӯзӣ. Пур шуд аз сад ҳазор бодбарак Осмони кабуди наврӯзӣ. Бол зад сад ҳазор байтбарак Байтҳои хулуди наврӯзӣ. Ҷома пӯшид олами урён Инак, аз рӯи мӯди наврӯзӣ. Рӯ ба сӯи ҳабиби худ дорад Сабзаву гул суҷуди наврӯзӣ. Аз куҷо то куҷост, бин, ки бувад Аз ту то ман ҳудуди наврӯзӣ. Бо се ҳарфи хуҷаста боз шавад Дили ман ҳам чу куди* наврӯзӣ. *куд- нишона, рамз, код