Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ханда зан, эй гули ёқут, дар ин чиллаи дай,

Ханда зан, эй гули ёқут, дар ин чиллаи дай, Ба ҷаҳон ҷон бидаровар, ки туӣ нолаи най. Аждари ҷаҳл шафақ хӯрду ҳама хомӯшанд, Интизоранд, ки кай мекунад ин аждар қай. То ҳакиқат қадаме ҳам наниҳодем, дареғ, Ҳар қадар ҷамъ бикардем сиву ду рагу пай. Хез аз ҷову нигаҳ кун, ки саодат омад, Хуфтае чашм набикшодаву мепурсад: кай? Шайх дар гӯшаву девона миёни майдон Ҳар ду хуш нағма бихонанд, ки лай, лай, лай, лай.