Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чун ҷазираи бекас хӯ кунам ба хомӯшӣ,

Чун ҷазираи бекас хӯ кунам ба хомӯшӣ, Шуҳратам ба побӯсат ояд, эй фаромӯшӣ. Лаззатест танҳоӣ, лаззате, ки дарёбӣ, Баъд аз он намеҷӯӣ лаззати ҳамоғӯшӣ. Чун фалак намехоҳам, ҷомаи риё пӯшам, Аз чунин қабои наҳс беҳ бувад кафанпӯшӣ. Ниниёна мегиряд қалби сивушашсола, Дер шуд, ки оғозад фасли орзуҷӯшӣ. Мекашад дили нозук мурдаи муҳаббатро, Гуфтиям: Намедонӣ таъми себи мамнӯъӣ, К-аз дукони шарбатҳо оби себ менӯшӣ. Шаш ҷиҳат муханнас шуд зери чархи бадгавҳар, Аз кӣ метавон ҷустан мардиву сиёвушӣ.