Дили беҳавсала, камзарфу тапишбохтаӣ,
Дили беҳавсала, камзарфу тапишбохтаӣ,
Гунаҳат чист, ки таслиму сарандохтаӣ.
Ихтисори ту намуданд, аё баҳри дамон,
Ҳар қадар ҳам, ки зи соҳил ба бурун тохтаӣ.
Хасми беҷавҳарат оина биёвард инъом,
Акси худ аз паси зангор набишнохтаӣ.
Моҳу хуршед ба ту нур намуданд ирсол,
Қарзҳоест ба дӯшат, ки напардохтаӣ.
Қуфл зад гӯши халоиқ, тапишатро нашунид,
Ҳама гӯянд, ки ту асл наӣ, сохтаӣ.
Тапиши тоза бикун, эй ба навозиш муҳтоҷ,
Дили абрешимӣ, абрешими нагдохтаӣ.
Посухи сӯзи туву ишқи ту хунсардӣ буд,
Хешро ин ҳама аз баҳри кӣ бигдохтаӣ?
Интизорам, хабар оранд, ки эй мурдатарин,
Нарм-нармак ба ҷаҳон ғулғула андохтаӣ.