Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили ман бори дигар дилбарона метапад ё не,

Дили ман бори дигар дилбарона метапад ё не, Дар ин нахли дусадсола ҷавона метапад ё не. Чӣ оташҳо, ки дар ман буду боди зиндагӣ пуф кард, Дар ин хокистари мурда забона метапад ё не. Худоё, офтоби умри ман бар нимрӯз омад, Кунун ёқути сурхам дар миёна метапад ё не. Касе н-омад, ки дастам гираду то субҳ раҳ пӯяд, Ба рафъи ин шаби ялдо фасона метапад ё не. Намеоӣ ба чашмонам, намедонам, намедонам, Ки тасвират дар ин оинахона метапад ё не. Биё аз тангно бар вусъати хуршедзори ман, Дилат дар орзуи бекарона метапад ё не.