Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дубора қудрати парвоз медиҳӣ ё не,

Дубора қудрати парвоз медиҳӣ ё не, Ба арғунуни куҳан соз медиҳӣ ё не. Ало зи рашҳаи ин Замзами ниҳон огоҳ, Лабони замзамапардоз медиҳӣ ё не. Ҳазор «не»-ву «ҳа»-и ман ба ҳам биёвезанд, Сиришти куфрбарандоз медиҳӣ ё не. Даме, ки оина ҳукми завол мехонад, Ту бар аҷуз ҳам эъҷоз медиҳӣ ё не. Маро ба маъракаи офтоб мехонӣ, Дубора шавқи фалактоз медиҳӣ ё не. Барои анҷумани навбаҳори оянда, Ту бар вакилиям овоз медиҳӣ ё не. Ба зиндагӣ - ба муҳаббатгаҳи хиёнатпеч Бигӯ, бигӯ, ки маро боз медиҳӣ ё не.