Дарёи осмон, ки бувад тифли шабнаме,
Дарёи осмон, ки бувад тифли шабнаме,
Мо офаридаем дар ин гӯша оламе.
Чуғдему дар хароба ғазалхон нишастаем,
Манмой айби мо ба ҳақирии замзаме.
Дар гӯшаҳо мубоҳиса мерафт тезутунд,
К-ӯ сояи касест ва ё шамси навдаме.
Таҳсини ҳеч кас нанавозад дили маро,
Нафрини ҳеч кас нафизояд маро ғаме.
Навраҳ чу оҳубарраам, аммо намехурам
Аз неши хорҳои қавипанҷае раме.
Бо ин ҳама ман огаҳам аз он, ки душманам
Бо ними фитна зери ду олам кунад баме.