Кош, шабнам будаме, эй кош, шабнам будаме,
Кош, шабнам будаме, эй кош, шабнам будаме,
Дар ғуруби умр бо хуршед тавъам будаме.
Гӯшашинӣ кардаме, хилватгузинӣ кардаме,
Боз ҳам бо шамси оламтоб ҳамдам будаме.
Ин замон, чун бо суруре табли холӣ мезананд,
Ман зи марги ақлҳо дар ҳоли мотам будаме.
Лаб намеолудам аз ҳарфи сияҳ, андар сукут
Вопасин пайки мубарроӣ ба олам будаме.
Хам намебудам ба пеши пастҳои тундхӯй,
Дар хами мижгони гулбарге шакарнам будаме.
Кош, будам охирин Ҷоми Ҷаме андар Аҷам,
Оташи қудсии суғдонро муҷассам будаме.