Бори дигар ҳамаро куштаи ҳайрат кардӣ,
Бори дигар ҳамаро куштаи ҳайрат кардӣ,
Офарин, эй дили навзинда, ки ғайрат кардӣ.
Нағмаро аз қафаси танг бурун овардӣ,
Охир озод шудӣ, тоза шуҷоат кардӣ.
Фурсате буд, ки фориғ зи қиёми ботин
Бо ҳамин будани беҳавсала одат кардӣ.
Муддате буд, ки пироҳани шаб пӯшидӣ,
Хешро бо чӣ гунаҳ нусхаи зулмат кардӣ.
Рафтанатро зи ҷаҳон нағз, ки медонистӣ,
Аз чӣ худрову маро сахт азийят кардӣ.
Мурдиву зинда шудӣ, зинда шудиву мурдӣ,
Бори дигар талаби афву иноят кардӣ.
Ба ҳаёти ту чу хуршеди пагоҳи Наврӯз
Нафаре омаду эҳсоси саодат кардӣ.
Олами безарабонро кӣ тапиш мебахшад?
Ишқро гӯ, ки ҷаҳонро ту саломат кардӣ.
Ёр, эй Ёри аҳад, фурсати ман афзудӣ,
Шукри бахшоиши ту, боз муҳаббат кардӣ.