Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гуноҳам сахт бисёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ,

Гуноҳам сахт бисёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ, Ба дӯши нуҳ фалак бор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Дар ин боме, ки аз таҳрики фарвардин нашуд бедор, Ҳамоно барфи перор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Дилам бо он ки бо ҳар як тапиш Аллоҳ мегӯяд, Гаҳе анбози куффор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Касе баста, ки мехоҳад зи қайди обу гил бар шуд, Дар ин ҳалқа гирифтор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Ту фикри охират бахшо, ки ман дар фикри оғозам, Вуҷудам орзузор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Дар ин торе, ки мехоҳам муноҷоти ту бинвозам, Ҳанӯз оҳанги он ёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Ду қарн аз сар гузашту ҳарфи ман аз мӯд хориҷ шуд, Каломам бехаридор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Кушо фарҳанги сурхи дил, ки дар ҳар чор ҷилди ӯ Фақат як вожа такрор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Дай омад, рафт ҳафт иқлим бар хоби зимистонӣ, Ҳамин як ғунча бедор аст, мебахшӣ, намебахшӣ.