Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мекунад лай-лай ғунчаи сурӣ,

Мекунад лай-лай ғунчаи сурӣ, Мекашад карнай дили шайпурӣ. Метапӣ бе сабк, мезанӣ бе завқ, Дили роботӣ, дили дастурӣ. Кас намедонад, ки туи танҳо Бо кӣ ҳамсоя, бо кӣ ҳамнурӣ. Аз дарун гиря, аз бурун ханда, Аз дарун лахта, аз бурун ҷӯрӣ. Ту агар дурӣ, чӣ қадар хешӣ, Чу қариб оӣ, чӣ қадар дурӣ. Як нафас бошӣ саҳари солеҳ, Нафаси дигар шаби дайҷурӣ. Эй шакарнағма, бонамактар шав, Шӯри ширинӣ, шакари шӯрӣ. Ё накӯтар хон, ё бишав хомӯш, Бо ҳамин ҳолат ба кӣ манзурӣ?! Аз Раю Рӯшон, аз Қуму Кошон, Балки аз Балхӣ ё зи Лоҳурӣ. Ман, ки бигзаштам, ту киӣ, эй дил, Лолаи гӯрӣ, лолаи Турӣ? Баъд аз ин ҳам зан бар ҳама барзан Бонги озодӣ, табли масрурӣ!