Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Як таҷалло бизан, оинаи нишопурӣ,

Як таҷалло бизан, оинаи нишопурӣ, То мубаддал бишавад девии мо бар ҳурӣ. Дар бубастам, ки пур аз шаъшааи ёр шавам, То ба гумномии ман рашк барад машҳурӣ. Кофарие, ки накардам, аламам меояд, Ки расидаст дигар марҳалаи кофурӣ. Ҳасрати мавҷ задан дар дили мурдобам монд, Буданам қолабию зиндагиям дастурӣ. Баъд аз ин низ миёни ману ту хоҳад монд Боз дурӣ, ҳама дурӣ, ҳама дурӣ, дурӣ…