Бирез, тифли барозида, чун гули сурӣ
Бирез, тифли барозида, чун гули сурӣ
Дар ин сукути зимистон садои шайпурӣ.
Туӣ, ки рашҳаи мусиқии баҳори навӣ,
Туӣ, ки номаи ояндаиву мастурӣ.
Хуҷаста омадаӣ, эй фариштаи нозил,
Чӣ нағзу содаӣ, оре, мураккаб аз нурӣ.
Ҳалолтар зи ҳилолӣ, аё наолуда,
Чу офтоб басе хоксору мағрурӣ.
Парандаи дили ман дар қафас зи хониш монд,
Кунун паранди маъмулӣ асту маъмурӣ.
Ту омадиву дилам чун табиати фартут
Нафас кашиду раҳо шуд зи қайди ранҷурӣ.
Ту қосидиву зи Парвардгор овардӣ
Ба бенишотии офоқ ваҳйи масрурӣ.