Нимашаб дар хоби ман мижгон задӣ,
Нимашаб дар хоби ман мижгон задӣ,
Бар раги гул сӯзани борон задӣ.
Омадӣ оинатар аз оина,
Партаве аз ҷавҳари урён задӣ.
Лутф кардӣ, офтоби меҳрубон,
Бар шаби ялдои ман телфон задӣ.
Кист бар хомӯшии ман рехта,
Атсае аз дурии ҳиҷрон задӣ.
Чашм гуфтӣ, нози ман бардоштӣ,
Барқи ибрат дар сиёҳистон задӣ.
Пас чаро худро аё ҳасте, ки нест,
Пушти армонҳои ман пинҳон задӣ?!