Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ёсуман, ки тарҷумаи нози ман туӣ,

Эй ёсуман, ки тарҷумаи нози ман туӣ, Рӯҳи ҳарири субҳпарии чаман туӣ. Худро бибахш бар нафаси нозбӯи ман, Рашки сапеди атри Парису Хутан туӣ. Бишнидаам, ки бо лаби ту атса зад баҳор, Гуфтам, ки рӯҳи гумшудаеро бадан туӣ. Он ошно, ки ёсуманам туҳфа карду рафт, Бо ман сухан нагуфт, чӣ гӯяд, сухан туӣ. Эй хандаат шикасти тилисми сиёҳи шаб, Дар кокули фаришта гули шабшикан туӣ. Хуршед як рубоби навозишнадида аст, Бар ин рубоби муъҷиза мизробзан туӣ. Бар анҷуман намеравам, эй воизони пуч, Танҳоии азиз, беҳин анҷуман туӣ. Як хоҳиши бузург маро ранҷ медиҳад, Бо ишқ гӯ, ғулувви ҳама хостан туӣ.