Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ту ҳанӯз тозаҷонӣ, ту ҳанӯз навнумӯӣ,

Ту ҳанӯз тозаҷонӣ, ту ҳанӯз навнумӯӣ, Лаби лаб зи хандаҳоӣ, пури пур зи орзуӣ. Ба куҷо, ки по бимонӣ, раҳи бастае набинӣ, Қадамат ҳуҷаста бодо ба куҷо, ки раҳ бипӯй. Ҳама сархуш аз ҳавоят, ҳама офаринсароят, Ту паропаракзанонӣ, ту дар авҷи ҳоюҳӯӣ. Зи маи ҷунун ба рӯят бидавида хуни гарме, Ҳавасе кашӣ ба сӯе, ҳавасе кашӣ ба сӯе. Ба ғуруби ман нигаҳ кун, ба ғуруби ногаҳонам, Ки чӣ зуд таҳ нишастам зи фарози навнумӯӣ. Зи ҷаҳони сустпаймон ҳама дилбуридагонем, Нашавад ту ҳам зи дунё бибуриву дил бишӯӣ. Ту гуноҳи ман биҳил кун, ки сухан нагуфта рафтам, Ту бибояд ин ки бошӣ, ту бибояд ин ки гӯӣ.